ҲАМКОРӢ ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай амалиёти террористии чанд рӯз пеш дар метрои шаҳри Маскав содиргардидаро қотеъона маҳкум намуда, зарурати ҳамкории минбаъдаи давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба муқобили терроризм таъкид мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти маҷлиси навбатии 16 – уми Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитерористии СҲШ, ки 2 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Аъзои Шӯро тадбирҳои муқаррарнамудаи намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ –ро дар бобати расонидани кӯмак ба Русия барои таъмини амнияти тадбирҳои бахшида ба ҷашни 65 – солагии ғалаба дар ҶБВ маъқул донистанд. Инчунин қарор дода шуд, ки ба мақомоти дахлдори Ӯзбекистон низ барои таъмини амнияти маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ кӯмак расонида шавад. Маҷлиси мазкур дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Хадамоти федералии амнияти Русия ба намояндагони мамлакатҳои аъзои созмон барои пешниҳоди кӯмак дар бобати ҷустуҷӯи шахсони ба амалиёти террористӣ шарик миннатдорӣ изҳор кард. Муовини аввали директори Хадамоти федералии амнияти Русия Сергей Смирнов баъди анҷоми маҷлис ба хабарнигорон гуфт, ки кӯмаки мамлакатҳо ба ҳамдигар додани маълумоти зарурӣ дар бораи террористон ва созмонҳои террористӣ, ҷустуҷӯи шахсони содирнамудаи ҷиноят ва ғайраро дар бар мегирад. С.Смирнов истифодаи террористони фидоиро дар ташкили амалҳои террористӣ яке аз шаклҳои хавфноктарини ҳуҷуми террористӣ номид. Чунин амалиётро пешгӯӣ кардан хеле душвор аст, зеро онҳо дар ҷойҳои серодам анҷом дода мешаванд ва террористони фидоиро аз одамони дигар фарқ кардан тақрибан ғайриимкон мебошад, гуфт вай.