ҲАМКОРИИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ВА ЧИН

Апрель 13, 2010 15:51

Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ). —  Имрӯз  дар  раёсати  умумии  геологияи назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  бахшида ба  натиҷаҳои  фаъолияти он  дар  давоми  се  моҳи  аввали  соли равон  нишасти  матбуотӣ  баргузор гардид.  Дар он   зикр  шуд, ки  равобити  ҳамкории   муассисаҳои геологии  Тоҷикистон  бо ташкилоту  идораҳои  дахлдори  Эрон, Чин ва  Финляндия  сол  то  сол   тақвият  меёбад. Раёсати  умумии  геологияи  Тоҷикистон  бо Вазорати  маъдани Ҷумҳурии  Исломии  Эрон  қарордоди  ҳамкорӣ  имзо  кардааст.  Дар  асоси он,  ба  мутахассисони тоҷик  барномаҳои  навтарини  таҳқиқоти  компютерии  ҳавзаҳои   маъдан  омӯхта  мешавад. Инчунин  геологҳои   Тоҷикистону  Эрон  мавзеъҳои  сермаъдани   мамлакатҳои  ҳамдигарро  якҷоя  таҳқиқ   менамоянд. Ба  қарибӣ бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  созишномаи  ҳамкории Раёсати умумии геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати геологияи   Вазорати  истифодаи  замин  ва   сарватҳои  табиии Ҷумҳурии  мардумии  Чин  дар  бораи  гузаронидани  таҳқиқоти  геологӣ  дар  минтақаҳои  наздисарҳадии  ҳар  ду  кишвар тасдиқ  карда  шуд. Бо кӯмаки  мутахассисони  финӣ   дар  Раёсати  умумии  геологияи  Тоҷикистон маркази  маълумоти геологӣ  ташкил  карда  мешавад.

Апрель 13, 2010 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад