ҲУНАРПЕШАГОНИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — Нимаи дуюми моҳи апрел дар Душанбе таҳти унвони «Оҳангҳои дӯстӣ» бахшида ба 65 – солагии ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ консерти калони идона намоиш дода мешавад. Дар он овозхонони машҳури Русия ва мамлакатҳои дигари ИДМ ширкат меварзанд. Коргардони Муассисаи давлатии консертӣ ва сафарҳои ҳунарии «Базморо» Илёс Тиллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар консерти мазкур Ҳунарпешаи мардумии Русия Лев Лешенко, ҳунарпешаи машҳури Озарбойҷон Парвиз Ҳасанов, ҳунарпешаи варзидаи Арманистон Сергей Обосян, ҳунарпешаи гурҷӣ Сосо Павлиашвили, овозхони белорусӣ Анатолий Ярмолник, овозхони литвонӣ Лайма Вайкуле, овозхони украинӣ Таисия Повалий, мутриби эстонӣ Анне Вески ва овозхони тоҷик Рустам Исоев ширкат хоҳанд варзид. Барномаи консерт баробари сурудҳои солҳои ҷанг сурудҳои машҳури эстрадиро дар бар мегирад, ки писанди ҳаводорони ҳунару мусиқӣ гардидаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






