ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ МАҚОМОТҲОИ МУҲОҶИРАТИ ИДМ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 16 апрели соли равон дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомотҳои муҳоҷирати кишварҳои ИДМ баргузор мешавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиалло Девонаев, ки вазифаи муовини раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ — ро ба ӯҳда дорад, иштирок хоҳад кард. Дар ҷаласа, оид ба вазъи муҳоҷират дар кишварҳои мазкур, ҳамкории мақомоти муҳоҷират бо ташкилотҳои байналмиллалӣ, баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти муҳоҷират муҳокима мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






