ҶАЛАСАИ ЯКҶОЯИ ММ ВА МН МО ҶТ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 24 апрели соли 2010 дар толори Маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум оғоз ёфт, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ, иҷтимоию фарҳангиро баррасӣ менамояд. Президенти мамлакат нахуст аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба муносибати оғози фаъолияти даъвати нави палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони кишвар ва 15-умин солгарди таъсисиёбии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Тоҷикистон-Маҷлиси Олӣ самимона табрик намуд. Бояд зикр кард, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони мамлакат, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагон корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






