ҶАЛБИ НОБОЛИҒОН БА НАШЪАҶАЛЛОБӢ
Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Дар деҳаи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон шаҳрванди Афғонистон Азизмаҳмад валади Шайхмуҳаммад ҳангоми убури марз дастгир гардид. Номбурда дар борхалтааш 15 кг героин дошт. Азизмаҳмад ҳамагӣ 13 сол дошта, онҳое, ки ўро фиристодаанд медонанд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон навраси 13 сола ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Муфаттиши калони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари ВМКБ Ораз Худододов гуфт, ки кўшиши ҷалби ноболиғон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби нашъаҷаллобон ва қочоқбарон дар қаламрави ВМКБ низ ба назар мерасад. Дар чанд маврид қочоқбарон барои расонидани қаиқи резинӣ то лаби дарё аз хизмати наврасон истифода бурда, бо воситаи ноболиғон маводи нашъадорро паҳн менамоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






