ҶАШНВОРАИ ҲУНАР ДАР ДУШАНБЕ

Апрель 15, 2010 15:00

Душанбе,  15 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). – Фонди  байнидавлатии ҳамкории  гуманитарӣ,  театри   мусиқии  эстрадии  Русия  таҳти роҳбарии  Ҳунарпешаи  халқии  Русия Лев  Лешенко  ва Муассисаи  давлатии консертӣ  ва  сафарҳои  ҳунарии «Базморо» бори  аввал  дар  Тоҷикистон   таҳти  унвони  «Мусиқии  дӯстон»  ҷашнвораи   суруду  рақсро  ташкил  менамоянд.  Дар  он  овозхонон,  мутрибон ва  ҳунарпешагони  машҳури  мамлакатҳои  ИДМ  ширкат  меварзанд. Қисми  зиёди  барномаи  ҷашнвора  ба  65 – солагии  ғалаба  дар Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  бахшида  шудааст. Ҷашнвораи  нахустин  бо ташаббуси  Лев  Лешенко  соли  2009  дар  Украина  баргузор  гардида буд. Баъди  Тоҷикистон  ҷашнвора  дар  ҳамаи  мамлакатҳои  ИДМ  гузаронида  мешавад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  доираи  ҷашнвора  26  апрел   дар  Кохи  Борбад  консерти  калон  намоиш  дода  хоҳад  шуд. Коргардони  Муассисаи  давлатии  консерта   сафарҳои  эҷодии  «Базморо» Ғиёс  Тиллоев  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  барои  меҳмонон  барномаи  доманадори  фарҳангӣ  таҳия  шудааст.  Онҳо  ҷойҳои  ҷолиби  диққати  пойтахти  мамлакат ва  ноҳияҳои  атрофи    онро тамошо  мекунанд.  

Апрель 15, 2010 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд