ҶИНОЯТКОРИИ НИГАРОНКУНАНДА
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ Сунавбар Давлатов, дар семоҳаи соли ҷорӣ 148 нафар ноболиғ даст ба ҷиноят заданд, ки ҳамаи онҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2009 дар ҷумҳурӣ бо иштироки ноболиғон ва аз тарафи онҳо 589 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии ҷинояткорӣ бепарвогии падару модарон, мақомоти дахлдори давлатӣ, комиссияҳо оид ба ҳуқуқӣ кӯдаки назди мақомотӣ иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдори раёсату шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, мақомоти соҳаи маориф мебошанд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ намеандешанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






