ҶУБРОНИ ҲАЛОКАТИ ҚУРБОНИЁНИ СӮХТОР

Апрель 5, 2010 09:43

Душанбе,  5 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Тавре  хабар  дода шуда буд,   чанд рӯз  пеш  дар натиҷаи  сӯхтори  дар Ҷамъияти  саҳҳомии «Уралгражданпроект» бамаломада чанд  нафар,  аз  ҷумла ду  шаҳрванди  Тоҷикистон  низ  ҳалок шуд.  Онҳо  Ҷумъахон  Саидҷаъфарови  24 — сола  ва Ҳукмиддин  Наботови  27 — сола  мебошанд, ки  дар  яке  аз  сохтмонҳои  Ҷамъияти  саҳҳомии  мазкур  кор  мекарданд.  Котиби  матбуоти  намояндагии  ВКД  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  масъалаҳои  муҳоҷират дар  Федератсияи  Русия  Дилбар  Хоҷаева  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  дар  натиҷаи  кӯшишҳои  кормандони  намояндагӣ   ба  аҳли  оила  ва  хешу  таборони  шахсони  ҳалокшуда  ҷубронпулӣ  пардохта  мешавад.   Роҳбарияти  раёсати  сохтмони   бинои  баландошёнаи  истиқоматӣ  дар  Екатеринбург  барои  фиристодани  ҷасади  шахсони  ҳалокшуда ба  ватан  аз  ҳисоби  худ  маблағ  ҷудо  намуд. Ғайр  аз ин Ҷамъияти  саҳҳомии  «Уралгражданпроект»  ӯҳдадор  шуд, ки дар  давоми  як  сол   музди  кори  ҳармоҳаи   шаҳрвандони  ҳалокшударо  ба  маблағи 20  ҳазор  рубл  ба аҳли оилаи онҳо  мефиристад.

Апрель 5, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!