28 МЕДАЛ ДАР 100 РӮЗ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи намудҳои мухталлифи варзиш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳонӣ иштирок намуда, 28 медал ба даст оварданд, ки аз онҳо 8 медали тилло, 6 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ мебошад, иттилоъ доданд дар нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин, қайд намуданд, ки варзишгарон дар се моҳи ҳисоботӣ дар 9 мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла оид ба гӯштини тарзи озод дар Туркия, каратэкёкушинкай дар Ҷопон, гӯштини юнонӣ-румӣ дар Маҷористон, гӯштини тарзи озод дар Полша, варзиши сабук дар Ӯзбекистон ва ба амсоли инҳо ширкати фаъол доштанд. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа аз ҷониби Хонаи ҷумҳуриявии методии Кумита Низомномаи дараҷаҳои тахассусии дастурдиҳандагони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо теъдоди 450 адад нашр гардида, ба сохторҳои маҳаллӣ дастрас карда шуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






