403 КГ АНГИДРИДИ КИСЛОТАИ УКСУС ДАРЁФТ КАРДАНД

Апрель 28, 2010 16:14

Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд буда, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ 29 марти соли равон дар роҳи нақлиётгарди ҳудуди ҷамоати Чилгазии ноҳияи Исфара, автомашинаи тамғаи «Опел — Астра» таҳти ронандагии Абдусалом Ҳалимов дар вақти гузарондани муоинаи гумрукӣ, боздошт шуд. Дар рафти гузарондани муоини гумрукӣ дохили автомашина 20 адад зарфҳои пласмасини ғунҷоишаш 20 литр буда, дар он маҳлули беранги шаффофи дорои бӯи тез дошт, дарёфт ва мусодира карданд. Тавре маълум гашт, ки зарфҳои мазкур ба шаҳрванд Рустам Юсупови 33 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд тааллуқ дошт. Номбурда моли мазкурро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи ғайрирасмӣ ворид намудааст. Тибқи маълумоти ташхиси озмоишгоҳи Раёсати агентии назорати маводҳои нашъаовари назди Президенти ҶТ маҳлули беранги шаффофи дорои бӯи тез дошта ба гурӯҳи перекурсорҳо, яъне ангидриди кислотаи уксус дохил буда, вазнаш 403 кг 860 гр ташкил медод. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, маводҳо барои бурдани тафтишоти пешакӣ ба прокуратура шаҳри Исфара ирсол карда шудааст.       

Апрель 28, 2010 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!