45 МЛН. МЕТРИ КВАДРАТӢ БЕЗАРАР ГАРДОНИДА ШУД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Маркази тоҷикистонии оид ба масъалаи минаҳо, дар давоми солҳои 2004 ва семоҳаи аввали соли 2010 дар масоҳати 4 млн. метри квадратӣ дар заминҳои минакоришуда тадқиқот гузаронида шудааст. Баъди тадқиқот майдони 45 млн. метри квадратӣ безарар дониста шудааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, дар давоми 6 соли охир беш аз 12,3 ҳазор дона мина дарёфт ва нобуд карда шуда, бештар аз 2,63 ҳазор моддаҳои нотаркида ва 5 ҳазор тирҳои гуногун аз байн бурда шуданд. Тибқи Созишномаи Оттава, барои пурра безарар гардонида шудани нуқтаҳои хавфноки минакоришуда, мӯҳлати минарӯбии Тоҷикистон то 1 – уми апрели соли 2020 дароз карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






