А. ҚОДИРӢ: 98 НАФАР БА КОР ФИРИСТОДА ШУД
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 29 апрели соли ҷорӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод бо ташаббуси Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Раёсатҳо дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино баргузор шуд. Тарве ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ Абдуллои Қодирӣ иттилоъ дод, дар ярмарка 40 корхонаю муассисаҳо аз шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷуён 1511 ҷойҳои кори холиро пешниҳод намуданд. Корҷӯёне, ки дар ярмарка иштирок намуданд 730 нафарро ташкил доданд. Шумораи шахсони ба кор фиристодашуда 98 нафар ва афроде, ки ба омӯзиш роҳхат дода шуданд 16 нафарро гирифтанд. Дар тадқиқотҳои сотсиологӣ 30 нафар иштирок намуда, ба 23 нафар машваратҳои касбӣ дода шуд. Инчунин, ба 10 нафар аз шаҳрвандоне, ки дар ярмарка иштирок намуданд, ҷиҳати омӯзиши курсҳои касбомӯзӣ ба Маркази таълимии калонсолон равона гардиданд, қайд намуд А.Қодирӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






