АФЗОИШИ ҲАҶМИ СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТ
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо воситаи бонкҳои вилояти Суғд дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 60,5 млн. доллари ИМА ба вилоят маблағҳои арзӣ, ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5,1 млн. доллари ИМА зиёд буда, афзоиш 9,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 169,4 млн. доллари ИМА, аз ҷумла содирот ба 44,8 млн. доллари ИМА ва воридот ба 124,6 млн. доллари ИМА баробар шуд. Ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,6 фоиз зиёд гардид. Ба ҳолати 1 апрели соли 2010 ҳаҷми гардиши моли чакана 576,8 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 342,1 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта муттаносибан 23,5 ва 18 фоиз зиёд аст. Маблағгузории қарзӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон 119,0 млн. сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34,9 фоиз афзуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






