АМАЛИЁТИ ФАВРӢ-ҶУСТУҶӮӢ БЕФОИДА НАБУД

Апрель 16, 2010 09:47

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз дафтари матбуоти Раёсати мубориза бар зидди маводи мухаддир Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи А. Дониши пойтахт шаҳрванди 24 сола Давлатқадам Ошомаҳмадов истиқоматкунандаи ноҳияи Ваҳдат дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи Д. Ошомаҳмадов дар халтаи полиэтиленӣ маводи нашъадори навъи ҳашиш, ки вазнаш 1 кг 34 гр ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин ҳаммаслақи ӯ Алишер Рамазонови 26 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, дастгир карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.    

Апрель 16, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад