АНҶОМИ САФАРИ ҲАЙАТИ ОЛМОН ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Сафари ҳайати Ҷумҳурии Федероли Олмон дар пойтахти Тоҷикистон ба охир расид. Намояндагони ин мамлакат дар машваратҳои муштарак бахшида ба масъалаҳои ҳамкории молиявию техникии Тоҷикистону Олмон ширкат варзиданд. Зимни машваратҳо вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ муҳокима шуданд. Машваратҳо дар доираи тайёрӣ ба гуфтушуниди байниҳукуматии ҳамкорӣ барои ду соли оянда гузаронида шуд, ки тибқи нақша бояд фасли тирамоҳи соли равон баргузор гардад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Олмон айни ҳол дар соҳаҳои тандурустӣ, энергетика, таҳсили касбӣ ва истифодаи технологияи навтарин ҳамкорӣ мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳукумати Олмон барои барқарор сохтани фаъолияти шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили Мачитон, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ғайра маблағ ҷудо менамояд. Тибқи паймони бадастомада, ҳукумати Олмон таҷҳизоти тақсимкунандаи барқро дар НБО «Норак» иваз карда, инчунин барои сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ дар ноҳияи Мурғоб маблағ ҷудо хоҳад кард. Ҳайати Олмон зимни сафар бо роҳбарияти Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот нақшаҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат дар соҳаи муҳоҷират муҳокима шуданд.