«АНГУШТАРИНИ ФИРӮЗАДОР» ДАР «САФИНА»
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои беҳтар намудани сифати барномаҳои худ теъдоди гузоришҳои таҳлиливу танқидиро бештар мегардонад. Бо ин мақсад айни замон барномаи иттилотию таҳлилии «Ҷамъбасти ҳафта» пурра дар асоси маводи таҳлилӣ таҳия мешавад. Дар ин бора директори муассиса Лутфулло Давлатов, дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз 14 апрел доир гардид, ба хабарнигорон ибрози ақида кард. Ӯ қайд намуд, ки дар давраи минбаъда низ «Телевизиони Сафина» ба таҳияи маводи таҳлилию танқидӣ оид ба масоили муҳими ҷомеа ва мушкилоти имрӯзаи мардум эътибори ҷиддӣ хоҳад дод. Ҳамчунин дар нишисти матбуотӣ зикр гардид, ки Идораи таҳия ва дубляжи филмҳои муассиса вобаста ба завқу шавқи тамошобин аз авали соли равон ба дубляжи филмҳои бисёрқимсма шурӯъ намуд. Дар ин муддат филмҳои бадеии «Ангуштарини фирӯзадор» иборат аз 4 қисм, «Гардиши тақдир» иборат аз 8 қисм «Занҷир» иборат аз 2 қисм тарҷума ва дубляж карда шуданд. Дар баробари филмҳои бадеӣ филмҳои илмиву оммавӣ ва як қатор филмҳои мустанад низ рӯи навор оварда шуд. Филми бадеии «Ангуштарини фирӯзадор» истеҳсоли синамогарони Россия буда, аз 20 то 25 апрел манзури тамошобинони «Телевизиони Сафина» гардонида мешавад. Лутфулло Давлатов таклифҳои дархости рӯзноманигоронро дар бораи мувофиқат кунондани номи барномаҳо ба мӯҳтавои онҳо хуш пазируфт ва иброз дошт, ки он дар давоми сол ба ин камбудиҳо хотима мебахшад. Аз ҷониби рӯзноманигорон дар бораи рекламаҳои бемаврид чанд эродҳои дигар низ гирифта шуд, ки он ҳам аз ҷониби роҳбарияти «Сафина» пазируфта шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






