АШЪОРИ АДИБОНИ ТОҶИК ДАР ШАБАКАИ ҶАҲОНИИ ИНТЕРНЕТ
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, бори аввал пайкара (корпус)-и миллии забони тоҷикиро тарҳрезӣ ва дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ворид кард. Эҷоди пайкараи забони тоҷикӣ бар пояи на камтар аз 10 миллион вожаи матнҳои тоҷикӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба андешаи созандагони пайкараи миллии забони тоҷикӣ дар он пеш аз ҳама матнҳое ҷойгир мешаванд, ки инъикосгари забони фаъоли муосири тоҷик буда, ба пайкара матнҳои гуногун, ки қариб ҳама паҳлӯҳо ва ҳавзаҳои фаъолияти забони муосирро дар бар мегиранд, дохил мешаванд. Аз ҷумла, намунаи матнҳои осори маъруфтарин ва маҳбубтарин адибони классики тоҷик, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Румӣ, насру назми жанрҳои гуногуни адабиёти муосир, матни ба эфир паҳншудаи барномаҳои радио ва телевизиони тоҷик, матни рӯзномаҳо ва маҷалаҳо, луғату фарҳангҳои маъруфи тоҷикӣ ва дузабона ва амсоли инҳо ворид карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки ин пайкара он пайкарае нест, ки онро дар майдон ё хиёбон гузоранд. Асоси ин пайкараро эҷодиёт ва осори адибони барҷастаи тоҷику форс ташкил дода, дар ин падидаи фарҳангӣ бо дастовардҳои технологияҳои навтарини иттилоотӣ ва иртиботӣ маҷмӯи луғатҳои басомадии ашъори адибон, аз қабили луғатномаи алифбоии вожаҳо, луғатҳои басомадӣ бо афзуншавӣ ва камшавӣ ва ҳамчунин луғати баръакс оварда шудааст. Басо рамзист, ки аввалин маротиба дар пайкараи забони тоҷикӣ осори сардафтари адабиёти тоҷику форс, Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷой карда шуд. Дар пайкараи забони тоҷикӣ алоҳида пайкараи ҳар як адиб ташкил карда мешавад. То имрӯз пайкараҳои Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ, Румӣ, Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ ва Ҳабибулло Файзулло дар пайкараи забони тоҷикӣ ҷой дода шудаст. Дар пайкараи Рӯдакӣ — қасоиду ғазалиёт ва қитъаот, рубоиёт, абёти пароканда, абёти пароканда аз маснавиҳо, луғатҳои бар пояи матни ин китоб таҳияшуда, луғатномаи китобшиносӣ, ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, дар пайкараи Лоиқ – зиндагинома, шеърҳо, суратҳо, овози Устод, луғатҳо, дар пайкараи Румӣ — зиндагинома, Маснавӣ, рӯбоиёт, гулчини рӯбоиёт, луғатҳо, суратҳо, дар пайкараи Фирдавсӣ — Шоҳнома ва луғатҳояш, дар пайкараи Саъдӣ — қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, Гулистон, Бӯстон, шеърҳо ва дар пайкараи Ҳабибулло Файзулло – осор, зиндагинома, эҷодиёт, ёднома, аксҳо, наворҳо ва сурудаҳо (.mp3) ҷой дода шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






