АВҶИ КОРҲОИ БАҲОРӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Апрель 19, 2010 16:59

Шаҳраки Сомониён,19 апрел.(АМИТ «Ховар»,Ҳотам Рабиев).-Имсол ба мактабҳои ноҳия зиёда 700 нафар  муаллимон ба кор омаданд. Ин имкон дод, ки мушкилоти нарасидани омӯзгорон дар таълимгоҳҳои ноҳия пурра ҳал гардад,-иброз дошт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ҷо баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Тавре, ки қайд гардид, идҳои баҳорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ имсол низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Беш аз 250 нафар писарбачаҳо хатнатӯй карда шуданд. Тӯйи арӯсию домодии 74 ҷуфт навҷавонон низ баргузор гардид.Албатта, дар ин кори хайру савоб ҳиссаи соҳибкорони ҳимматбаланд, имомхатибони масҷидҳо ва дигар шахсони саховатманд хеле бузург аст. Ба 1-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ дар майдони 8 ҳазору 445 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст, ки ин 5 ҳазору 804 гектар ғаллагиҳо, 472 гектар картошка, 601 гектар сабзавот, 1 ҳазору 71 гектар зироатҳои техникӣ ва 3 ҳазору 91 гектар хӯроки чорво мебошад.Дар ин муддат дар масоҳати 92 гектар боғи нав, 14 гектар токзори нав ва 26 гектар боғу, 11 гектар токзор барқарор карда шудааст.Хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ аз раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва дигар масъулин ба суолҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  

Апрель 19, 2010 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!