АВВАЛИН АКАДЕМИКИ ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИК 100-СОЛА МЕШАВАД
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- «Ҷабҳаҳои кӯҳӣ, геологӣ ва экологии тарақиёти саноати кӯҳкорӣ дар асри 21» бо чунин ном 5 майи соли равон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 100 -солагии аввалин академики соҳаи геологияи тоҷик Сороҷон Юсупова гузаронида мешавад. Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова ва Вазорати маорифи ҶТ ширкат меварзанд. Дар конференсия оид ба зиндагиномаи академик С. Юсупова, асосгузори мактаби минералогҳои Тоҷикистон, инчунин дар бораи ҷабҳаҳои экологии истифодаи захираҳои табии ҶТ маърӯзаҳо баррасӣ мегарданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






