АВВАЛИН БЮРОИ МАЪЛУМОТ ОИД БА ҚАРЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИФТИТОҲ ЁФТ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 29 апрели соли ҷорӣ—Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ (IFC) — узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо ҳамкорон маросими бақайдгирии расмии аввалин Бюрои хусусии қарзро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои оғози фаъолияти он ҳамчун як қисмати инфрасохтори молиявӣ ва механизми асосии васеъ намудани дастрасии мардум ва соҳибкорони хурд ба қарзҳо муддати тӯлонӣ ин ҷониб интизор буданд, қайд намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии IFC хабар доданд. «Шаш муассисаи молияи хурд, чор бонки тиҷоратӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои молияи хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳҳомони Бюрои маълумот оид ба қарз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки он бо ташаббуси IFC дар шарикӣ бо Бонки Миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Швейтсария таъсис дода шуд», гуфт манбаъ. «Пас аз он, ки бюро фаъолияти худро пурра оғоз мекунад, муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои дахлдор ба монанди ширкатҳои мобилӣ ва муассисаҳои истифодабарандагони ҷамъиятӣ ба маълумоти боваринок ва беғараз оид ба қарзгирандагон саривақт дастрасӣ хоҳанд пайдо намуд, ки ба онҳо ҷиҳати камтар сарф кардани вақт барои амалиётҳои қарздиҳӣ, кам кардани ҳаҷми қарзҳои пардохтношуда ва додани қарзи бештар ба соҳибкорони хурду миёна имкон медиҳад», қайд карданд дар намояндагии IFC. «Бонки Миллии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани механизми арзёбӣ намудани қарзгирандагон ва рушди системаи мубодилаи маълумот оид ба қарз ҳавасманд мебошад. Мо ният дорем дар байни қарздиҳандагон ва қарзгирандагон муносибати шаффоф ва боэътимоде оид ба масъалаи қарз барпо намоем», гуфт муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфиён. «Мо умедворем, ки ҷиҳати беҳтар намудани танзимоти дохилӣ бо мақсади ҳавасманд намудани муассисаҳои молиявӣ барои ҳамчун узви фаъоли Бюрои маълумот оид ба қарз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карданашон ҳамкории судмандамон бо IFC давом хоҳад ёфт». Ҷонишини Директори Намояндагии Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Николас Гигас қайд намуд: «Дастгирӣ намудани рушди соҳибкории хурд тавассути таъмин намудани дастрасии дарозмуддат ва босуботи онҳо ба молия яке аз афзалиятҳои фаъолияти Ҳукумати Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бюрои маълумот оид ба қарз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми комиле барои мубодилаи маълумот оид ба қарз баҳри васеъ намудани дастрасӣ ба қарз дар кишвар мебошад». Ба гуфтаи манбаъ, IFC аз соли 2007 ин ҷониб кӯшишҳои ташкилотҳои молиявиро ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоид барои бюрои хусусии қарз дастгирӣ намуда истодааст. Гурӯҳи кории бо ташаббуси IFC таъсисдодашуда, ки аз намояндагони Бонки Миллии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молияи хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои молиявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ иборат аст, дар давоми солҳои 2009 – 2010 ба таври васеъ ҷаласаҳои машваратӣ доир намуд. Дар натиҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории нав қабул шуд, ки имкон дод 98 фоизи муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷараёни мубодилаи маълумот оид ба қарз ҳавасманд карда шаванд.