АЗ 4 МАЙ ОҒОЗИ РӮЗҲОИ МИЛЛИИ ЭМКУНӢ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Имрӯз қариб чор миллион миқдор ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки аз тарафи Хазинаи қўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) харидорӣ шудааст, ба Душанбе ворид карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии ЮНИСЕФ хабар доданд, рӯзхои наздик, ваксинаҳо ба тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ барои дар се давр гузаронидани маъракаи миллии эмкунӣ зидди бемории фалаҷ тақсим карда мешаванд. «Мо аз тамоми шарикони Ташаббуси чаҳонии аз байнбарии бемории фалаҷ барои кӯмаки онҳо дар харидорӣ ва дастрас кардани ваксинаҳо дар як муддати кӯтох сипосгузорем, — гуфт роҳбари барномаи Тандурустӣ ва oзуқаи, намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Аядил Сапарбеков. Ман аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунам, ки тамоми кӯдакони то 5 солаи худро дар доираи рӯзхои миллии эмкунӣ зидди бемории фалаҷ эм кунанд ва онҳоро аз бемории фалаҷ ҳифз кунанд». Ваксинаҳо аз тарафи ЮНИСЕФ бо дастгирии Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои Иёллоти Муттаҳидаи Амрико харидорӣ шудаанд. Аз 4-8 майи соли 2010 даври аввали рӯзҳои миллии эмкунӣ зидди бемории фалаҷ гузаронида мешавад. Даври дуюм рӯзҳои 18-22 май ва даври сеюм рӯзҳои 1-5 июни соли чорӣ гузаронида мешаванд. Дар ин маърака қариб 1.1 миллион қӯдакони то 5 солаи ҷумхурӣ, бо гирифтани 2 қатраи иловагии доруи начотдиҳандаи зидди бемории фалаҷ, эм карда мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






