АЗ НАТИҶАИ САФАРҲОИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН

Апрель 5, 2010 12:44

Аз 30 – юми март то 4 – уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон бо сафарҳои давлатӣ дарҶумҳурии Сингапур ва Шоҳигарии Бруней Доруссалом қарор дошт. Бояд таъкид дошт, ки ҳардуи ин давлатҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҳавзаи уқёнуси Ором қарор дошта, аз ҷумлаи кишварҳои мутараққии минтақа ва ҷаҳон ба шумор мераванд. Барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Сингапур бо маросими истиқболи давлатӣ оғоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Сингапур Селлапан Рама Натан истиқбол гирифт. Маросими истиқбол тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо саф кашидани горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва корпуси дипломатии муқими ин давлат ҷараён гирифт. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дўстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: — «кишвари мо барои рушди муносибатҳо бо Сингапур чун яке аз кишварҳои мутараққии олам аҳамияти хоса медиҳад ва мо ба густариши ҳамкории судманд дар ҳама арсаҳо манфиатдорем”. Таъкид гардид, ки наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Сингапур дар масоили рўзмарраи байналмилалӣ барои рушди муносибатҳои ду?ониба дар соҳаҳои гуногун заминаи хуб мегузорад. Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармояузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, обтаъминкунӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳои кўҳӣ ва техникаю технологияи муосир аз самтҳои асосии робитаҳои минбаъдаи Тоҷикистону Сингапур арзёбӣ гардид. Мубодилаҳои сиёсӣ оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ низ аз самтҳои дигари муносибатҳои судманди миёни Тоҷикистону Сингапур номида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Сарвари давлати Сингапур Селлапан Рама Натанро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Ҳамчунин иштироки намояндагони воломақоми Сингапур дар ташкил ва гузарондани конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид доир ба  та?лили дастовардҳои нимаи аввали Да?солаи амалиёти об барои ?аёт (2005-2015) ва вазифаҳои минбаъдаи он, ки мо?и июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба манфиати ҳарду давлат маънидод гардид. Худи ҳамон рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Сингапур Ли  Хсин Лунг мулоқот намуда, тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишварро баррасӣ намуд. Сипас миёни Тоҷикистону Сингапур ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид: Нахуст зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Сингапур Ли Хсин Лунг имзо гузоштанд. Санади дигар Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Сингапур буд, ки аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири корҳои хориҷии Сингапур Ҷорҷ Йо ба имзо расид. Нимаи дуюми рўзи 31 – уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Сиргапур иштирок ва суханронӣ намуд. Дар суханронӣ аз ҷумла, таъкид гардид, ки “Тоҷикистон та?рибан тамоми ашёи таби? ва стратегии аълосифат — об, замини ?осилхез, тилло, ну?ра, санг?ои ?иматба?о, алюминий, маводи сохтмон, пахта, пашм, пўст, мева?оту сабзавот, нерўи арзони бар?, инфраструктураи зарур?, нерўи кории со?ибихтисос, заминаи мусоиди меъёрию ?у?у?? ва имконият?ои дигари му?имро барои фаъолияти сармоягузор?, аз ?умла хори??, дорад”. Бо ёдоварӣ аз имкону захираҳои фаровон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои марбут ва соҳибкорону тоҷирони ду кишварро ба ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш даъват намуд. Аз ҷониби соҳибкорони бонуфузи Сингапур ба захираҳои табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи ҳамкорӣ бо он таваҷҷўҳу ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид. Аз рўйи натиҷаҳои форум ҳамчунин Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Нобел груп оид ба маблағгузории сохтмони нерўгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургияи ранга, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва ангишт аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва Роҳбари иҷроияи ширкати мазкур Ричард Элман ба имзо расид. Баъди анҷоми форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари иҷроияи ширкати Нобел груп Ричард Элманро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба татбиқи амалии санади мазкури ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Чунонки маълум шуд ин ширкат 5 сол аст, ки бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамар дорад ва санади нави имзошуда ҳамкориро барои 10 соли оянда дар назар дорад.  Ёдовар бояд шуд, ки Нобел груп яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, гардиши солонаи молиаш зиёда аз 40 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Худи ҳамон рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як корхонаи бузурги обтозакунии Сингапур дидан, карда бо техникаю технологияи муосир ва тарзи кори он аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум гардид, ин корхона оби шўри баҳрро пок намуда, аз он оби нушокӣ омода месозад. Корхона ҳамчунин ба захира, поксозӣ ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани оби борон машғул аст. Субҳи рўзи 1 – уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сингапур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Ҷорҷ Йоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ ва робитаҳои байналмилалии Тоҷикистону Сингапур баррасӣ гардид. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Ҷорҷ Йо аз натиҷаҳои нахустини музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Сингапур изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ба наздикӣ барои омўзиши шароити тиҷоратию сармоягузорӣ ва гузоштани заминаи амалии ҳамкорӣ як гурўҳи калони коршиносону соҳибкорони сингапурӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард. Бо итминон таъкид гардид, ки захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон ва техникаю технология ва таҷрибаи соҳибкории Сингапур барои ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию сармоягузорӣ заминаи мусоид аст. Худи ҳамон рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии рушди Сингапур дар соҳаи иттилоот ва коммуникатсия иштирок намуда, бо таҷрибаи пешқадам ва омўзандаи ин давлат дар истифодаи технологияҳои муосир дар идораи давлатӣ, истеҳсолот ва хизматрасонӣ ва ҳамчунин бо соддагардонии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ аз наздик шинос шуд. Чунонки зикр гардид, Ҷумҳурии Сингапур аз рўйи рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба фазои соҳибкорию сармоягузорӣ миёни 183 давлати ҷаҳон 4 сол аст, ки пайи ҳам дар ҷойи якум қарор мегирад. 2 – юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири калони Сингапур —  собиқ Сарвазири кишвар Гоҳ Чок Тонг мулоқот намуд. Дар вохўрӣ имкону захираҳои фаровони ҳамкории Тоҷикистону Сингапур баррасӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки “ин сафар ва муло?оту музокирот, ки дар фазои д?стонаи тафо?ум ва ?усни ният сурат мегиранд, о?озгари мар?илаи ?амкори?ои васеи судманд мегарданд”. Вазири калони Сингапур Гоҳ Чок Тонг ба боло бардоштани сат? ва мазмуни сифатан нави муносибат?ои дўстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуд. Рўзи 2 – юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Биржаи Сингапур дидан карда, бо кори он аз наздик шинос шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Осорхонаи тамаддуни осиёӣ ташриф оварда, як сайри таърихӣ ба гузаштаю имрўзаи ин давлати ҷавону хурдакаки ҷазиравӣ, вале хеле тараққикарда, анҷом дод. Субҳи рўзи 3 – юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари давлатӣ аз Сингапур ба Шоҳигарии Бруней Доруссалом рафт. Худи ҳамон рўз барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо маросими бошукўҳи истиқбол аз ҷониби Султони Бруней-Доруссалом  ?ассанал Болкиа? ва мулоқоти дуҷонибаи сатҳи олӣ оғоз ёфт. Маросими истиқболи давлатӣ бо шукўҳи хоси шоҳона — бо саф кашидани горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт. Дар мулоқоти сарони ду давлат, ки нахуст дар ҳайати хосса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифт, масоили ба роҳ мондани ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд баррасӣ гардид. Бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот, иштироки сармоягузорони Бруней Доруссалом дар истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла металҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва дигар маъданҳо матлуб дониста шуд. Султони Бруней-Доруссалом  ?ассанал Болкиа? ҳузури ҳайати калони соҳибкорони Тоҷикистонро дар ин сафар фоли нек аз оғози ҳамкории густурда арзёбӣ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Султони Бруней-Доруссалом  ?ассанал Болкиа?ро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Аз рўйи натиҷаҳои музокироти расмӣ 4 санади заминагузори ҳамкории гуногунҷанба ба имзо расид:  Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз фоида ва сармоя; Тафоҳумномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, маориф, фарҳанг, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней Доруссалом дар бораи сафарҳои бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ; Протокол миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар бораи машваратҳои дуҷониба. Зери ҳамаи санадҳои ҳамкорӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири корҳои хориҷии Бруней Доруссалом шоҳзода Муҳаммад Болкиаҳ имзо гузоштанд. Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Агентии сармоягузории Бруней Амин Абдуллоҳ ва Иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи рушди иқтисоди Бруней ҷаноби Датопадука Тимотий Онгро ба ҳузур пазируфт ва дар ду маросим оид ба муаррифии рушди иқтисодӣ ва сармоягузории ин давлат иштирок намуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, сарчашмаи асосии рушди иқтисодӣ ва воридоти  сармоя ба Бруней Доруссалом аз фурўши нафту газ ва сармоягузорӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Зимни пурсишу посухҳо ва тамошои китоб-албомҳою наворҳо аз манзараҳои биҳиштосо ва сарватҳои бебаҳои Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва соҳибкории Бруней Доруссалом ба иштирок дар истихроҷ, коркард ва содироти захираҳои фаровони табиати Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Қарор карда шуд, ки барои омўзиши бештару наздиктари имкону захираҳои ҳамкории дуҷониба робитаҳо дар сатҳи вазорату идораҳо ва ниҳодҳои соҳибкорӣ густариш дода шаванд. Ин нукта ҳамчунин борҳо дар форуми муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бруней Доруссалом, ки хеле пурмаҳсул анҷом ёфт,зикр гардид. Шоми рўзи 3 – юми апрел Султони Шоҳигарии Бруней Доруссалом ҳассанал Болкиаҳ ба ифтихори ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар зиёфати давлатии шоҳона орост. Рўзи 4 – уми апрел Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як деҳаи обии Шоҳигарии Бруней Доруссалом дидан карда, бо шароити зиндагии ғайриоддӣ ва камназири мардуми ин маҳалла аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум шуд, хонаҳои мардуми ин деҳот дар болои оби ду соҳили дарё, ки чуқуриаш 10-15 метр аст, сохта шудаанд. Дар посух ба суол доир ба он, ки чаро дар рўйи замин, дар хушкӣ хона намесозанд, ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳам худи сокинони маҳаллӣ посух доданд, ки онҳо зиндагӣ дар болои обро афзал медонанд. Иттилоъ дода шуд, ки умуман давлату давлатдории Бруней Доруссалом аз ҳамин гуна маҳаллаҳои обӣ оғоз ёфта будааст ва аз ин хотир роҳбарият ва мардуми ин давлат ба ин тарзи зиндагӣ  чун мероси фарҳангӣ ва таърихии худ арҷгузорӣ мекунанд. Аз сўҳбат бо аҳолии деҳот ҳамчунин маълум шуд, ки онҳо, сарфи назар аз сарватмандии зиёди давлат, маоши худро, асосан бо ҳунармандӣ, истеҳсоли ашёи рўзгор, маҳсулоти дастӣ, моҳигирӣ ва дигар корҳои нисбатан вазнин таъмин менамоянд. Дар як гўшаи ҳамин деҳа дар намоишгоҳе, ки ҳамчунин дар болои об бунёд ёфтааст, намоиши имконоти мавҷуда ва ояндаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ чун яке аз роҳҳои зиёд кардани даромад ба буҷети давлатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ ҷараён гирифт. Дар боздид аз деҳаи обӣ ва муаррифии имконоти рушди соҳаи сайёҳӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири саноат ва туризми Шоҳигарии Бруней Доруссалом ҳамроҳӣ намуд. Нимаи дуюми рўзи 4 – уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи исломии Султони Шоҳигарии Бруней Доруссалом ҳассанал Болкиаҳ ва намоишгоҳи аксҳои Султон дидан кард. Дар намоишгоҳи исломии Султон таваҷҷўҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бештар хазинаи ғании китобҳои он ҷалб намуд. Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо як нусхаи асли китоби Эҳёи улуми динии Имом Ғаззолӣ маҳфуз аст. Зимни сўҳбатҳои созанда таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бруней Доруссалом метавонанд ҳамчунин ҳамкории густурдаи фарҳангӣ дошта бошанд. Бо ҳамин барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Бруней Доруссалом ба поён расид ва бегоҳии ҳамон рўз аз пойтахти ин давлат — шаҳри  Бандар Сари Бегаван ба Ватан омад.                          

Апрель 5, 2010 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст