АЗ ЗЕРИ ЗАМИН 4 КГ 500 ГР ҲАШИШ ДАРЁФТ ШУД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ ҳангоми гузарондани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Муҳаммадшариф Мирзоев, соли таваллудаш 1957, сокини ҷамоати Нури Вахши ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дастгир карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии М. Мирзоев аз зери замини наздиҳавлигии ӯ 4 кг 500 гр маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира намуданд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






