АЗИМ ИБРОҲИМ АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАХИРАҲОИ МАЪДАН ИНТИХОБ ШУД

Апрель 29, 2010 11:02

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — Бо қарори  раёсати Академияи байналмилалии  захираҳои  маъдан   сардори  Раёсати  умумии  геологияи   назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Азим  Иброҳим  узви  ҳақиқӣ  ва  академики  академияи  мазкур  интихоб  гардид.      Азим  Иброҳим  соли  1984  Донишгоҳи  политехникии Тошкандро  бо  дипломи  аъло  хатм  карда,  соли  1992   дар  Донишгоҳи  давлатии  маъдани   шаҳри  Маскав  рисолаи  номзадӣ  ҳимоя  кардааст. Ӯ дар  давоми  солҳои  1993 – 2005  дар  вазифаҳои  декани факултаи  маъдани  Донишгоҳи  технологии  Тоҷикистон, муовини  аввали  раиси  Кумитаи  давлатии  назорати  техникии  назди  Шӯрои  вазирони  Тоҷикистон,  муовини  аввали  раиси  Кумитаи  сангҳои  қиматбаҳо  ва  фулузоти ранга,  муовини аввали  раиси  Кумитаи  фулузоти қиматбаҳо,   муовини  вазири   саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон —  сардори  раёсати  саноати   маъдан  ва  фулузоти  қиматбаҳо,  инчунин   раиси  ноҳияи  Сино  кор  кардааст. А.Иброҳим  соли  2005 сардори  Раёсати  умумии  геологияи  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъин  гардид  ва то  имрӯз  дар  ин  вазифа  кор  мекунад. Мавсуф   узви  ҳақиқии   Академияи  муҳандисии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муаллифи  чандин   асарҳои  илмӣ,  5  ихтироот  ва  қариб  50   мақолаи  илмӣ  аст. Ӯ  солҳои 2000 – 2001  ҳамчун  ихтироъкори  беҳтарини  Тоҷикистон  эътироф  шуда буд.  Вай  бо  ордени  «Шараф», дараҷаи  дуюм,  нишони  «Аълочии  фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мукофотонида шуда,  узви  ҳайати таҳририяи  маҷаллаи  соҳавӣ  дар  шаҳри  Маскав  ва  узви  иттифоқҳои  журналистони  Тоҷикистон  ва  Русия  мебошад.

Апрель 29, 2010 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд