БА ҚОНУНИ ИХТИРООТИ МАХФӢ ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 26 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», «Дар бораи маориф», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи ихтирооти махфӣ», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи паррандапарварӣ» дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 26 аперл таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид баррасӣ шуданд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раисони Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат Сафаралӣ Раҷабов, Марҳабо Ҷабборова, Маҳмадалӣ Ватанов ва Саиди Ёқубзод зикр карданд, ки ҳадафи таҳияи қонунҳои мазкур рушди минбаъадаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат мебошад. Дар ҷаласа ҳамчунин, масъала дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






