БА ҶАШНИ БУЗУРГ ТАЙЁРИИ ХОСА

Апрель 16, 2010 13:56

Душанбе,  16 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Ба  Ҷашни  қарибулвуқӯи  65 – солагии  Ғалаба  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватании  солҳои  1941 – 1945  рӯзҳои башумор  мондааст. Барои  мутантан ва  хотирмон таҷлил гардидани  иди  Ғалаба  мақомоти  давлатии ҳамаи  зинаҳо,  муассисаҳои таълимӣ,  ташкилотҳои  ҷамъиятӣ ва  дигар  қишрҳои  ҷомеа  ҳаматарафа  тайёрӣ  мебинанд. Ба  ин  муносибат  мухбири  АМИТ «Ховар»  ба  раиси  Шӯрои  собиқадорони  ҷангу  меҳнати  шаҳри  Душанбе  Абдураҳмон  Қурбонов бо  чанд  савол  муроҷиат  кард. — Мӯҳтарам  раис,  лутфан  бигӯед, ки  рафти  тайёрӣ  ба  иди  Ғалаба  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватании солҳои 1941 – 1945  дар  кадом  поя  аст? — Аслан тайёрӣ ба таҷлили  иди  Ғалаба бо қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 23  октябри  соли 2008  оғоз  ёфтааст. Ҳукумати  ҷумҳурӣ  бо  дарназардошти  аҳамияти  бузурги  корномаи халқҳо,  саҳми  тоҷикистониҳо дар  Ғалаба  бар  Германияи  фашистӣ,  бо  мақсади  тарбияи  ҷавонон дар  рӯҳияи  ватандӯстӣ  дар  мисоли  равшани  қаҳрамонони  Ҷанги  Бузурги  Ватании  солҳои  1941 – 45   соли 2010 – ро  Соли  собиқадорони  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  эълон  кард, ки  ҳамаи моро болидаҳол  намуд.  Бояд  гуфт, ки  чорабиниҳои  тайёрӣ  ба  иди  Ғалаба  бо  афзун  гардидани  ғамхорӣ  нисбати  собиқадорон  ҷараён  мегирад.  Дар  ин  бобат  нақшаи  чорабиниҳои  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри  Душанбе бахшида ба  санаи таърихӣ  бомуваффақият  амалӣ  мешаванд.   Дар  боғи  Ғалаба  Гулгашти  қаҳрамонон  васеъ ва хеле зебо  гардида истодааст. Дар  ин ҷо расми  63  Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ  ва  15  дорандагони  се  дараҷаи  ордени  Шараф – намояндагони  Тоҷикистон, ки  дар  муҳорибаҳои шадид  зидди  фашистон  солҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  корномаҳои  беназир  нишон  додаанд,  гузошта  мешавад.  Гурӯҳи  собиқадороин ҷанг, ки дар  Душанбе  иқомат  доранд, дар  чорабиниҳои тантанавии  шаҳри  Маскав,  бахшида  ба  иди  Ғалаба  иштирок  хоҳанд  кард. Соли  2009  дар  Душанбе  собиқадорони  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ,  ҳамсарони  бесаробонмондаи  ҷанговарони  ҳалокгардида,  заҳматкашони  ақибгоҳи  солҳои  ҷанг  бобати  расонидани  кӯмакҳои  моддӣ  ба  корхонаву  муассисаҳо, ташкилоту  идораҳо  новобаста  аз  шакли  моликият  ва тобеияти  идоравӣ  вобаста  карда шуданд. Роҳбарони ин  соҳаҳо  ба дидорбинии  собиқадорон  мераванд, аз  вазъи  иҷтимоии  оилаи онҳо  хабардор  мешаванд,  кӯмак  карда,  эҳтиёҷоташонро ба ҷо  меоваранд. Бояд зикр намоям, ки ҳаҷми хароҷоти баргузории маъракаи  дафни собиқадорони фавтида ҳам  зиёд  карда шуд. Кунун  кӯмакрасониҳо  ба  собиқадорон  амали  анъанавӣ  гардидааст.  Зеро  ин  амалҳо  зери  назорати  доимии  Раиси  шаҳри  Душанбе  мӯҳтарам  Маҳмадсаид  Убайдуллоев  қарор  дорад. Дар  арафаи  иди  Ғалаба  бо ибтикори Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  аз  1  майи  соли  2010  нафақаи  ҳармоҳаи  иштирокчиёни  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  ба  ҳадди  60  сомонӣ ва  заҳматкашони  ақибгоҳи  солҳои  ҷанг  30  сомонӣ  зиёд  карда шуд. Чунин  чорабиниҳо кӣ  ба беҳтар  шудани  вазъи  зиндагии   собиқадорон  мусоидат  мекунад,  шаҳодати ғамхории  пайгиронаю  доимии   Сардори давлат  ва  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  нисбати  собиқадорони  ҷангу  меҳнат  мебошад.          — Дар  шаҳри  Душанбе собиқадорон  чи  гуна  сохторҳои  идоравӣ  доранд  ва онҳо  ба  иди  Ғалаба  омодаанд? — Оре,  дар  пойтахт  ҳамчун  дар вилоятҳо,  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  сохторҳои  давлатии  танзимкунандаи   фаъолияти  собиқадорони  ҷангу меҳнат таъсис  ёфтаанд. Масалан, ҳамаи  чаҳор  шӯрои  ноҳиявии  собиқадорон  дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ,  алалхусус  идораи  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  собиқадоронро  ба  корҳои ҷамъиятӣ  ҷалб  менамоянд. Дар  тақсими  кӯмакҳои  хайриявӣ  иштирок  карда,  аз  вазъи  хизматрасониҳои  тиббӣ  ва  коммуналӣ  хабардор  шуда,  ба  аёдати беморону  маъюбон мераванд.  Ҳоло  дар  пойтахт  257 нафар  иштирокчиён ва 192  нафар  маъюбони  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ, 425 нафар  аскарони  интернатсионалӣ  ва 289 нафар иштирокдорони  воқеаҳои Чернобил  сукунат  доранд. Дар  муассиса,  ташкилоту  корхонаҳо,  таълимгоҳҳо  ташкилотҳои  ибтидоии  собиқадорон  фаъолият  мекунанд. Онҳо  аз ҳаёту  зиндагӣ,  вазъи  саломатии  собиқадорон  қариб  ҳамарӯза  воқифанд. Шӯроҳои  ноҳиявии  собиқадорон  фаъолияти   ташкилотҳои  поёнии  худро  тез – тез  муҳокима  карда,  барои беҳбудии  кор  маслиҳатҳои  муфид  медиҳанд. Муҳокимаи   масъалаи  тайёрӣ ба  иди  Ғалаба  дар  ташкилоти  ибтидоии  собиқадорони  маҳаллаи Меҳробод   (шаҳрчаи  Калинин)  ноҳияи  Сино  (сарвараш С.Азизов) собит  сохт, ки  ташкилот бо  собиқадорон  алоқаи   зич дорад.  Дар  ин ҷо  бахшҳои  иҷтимоӣ, кор  бо  ҷавонон,  баргузории  маросими  дафн ва  ғайра  амал  мекунад. Оид ба  ҳар  собиқадор  қайди  муайян  доранд.  Ба  шӯрои  собиқадорони  шаҳр   хабар  доданд, ки  духтурони поликлиникаи  ба  аҳолии  маҳалла  хизматрасонанда  нисбати  собиқадорон хеле  меҳрубонанд. Ба  наздикӣ  ҳаммаҳаллаашон  Нуриддинови  93 – сола нотоб шуд ва  он  шаб  зарурияти  даҳ  маротиба  даъват кардани духтур  лозим омад. Ин корро  духтур Мадумаров  беминнат  ба ҷо  овард. Сардухтури  поликлиникаи  №12  Илҳомҷон  Назиров на танҳо  хизмати  тиббиро ба  собиқадорон  хуб ташкил  кардааст,  балки ҳатто  ба  хонаи онҳо  доруворӣ мефиристад. Чунин  амалро  сардухтури поликлиникаи №8  низ  амалӣ  карда  меояд. Ба  маврид аст,  ба аксари  роҳбарони  воситаҳои  ахбори  умум  арзи  сипос  намоям, ки   барои  ройгон  бо рӯзнома таъмин  намудани собиқадорони  шаҳр хизмат  мекунанд. Нусхаҳои  хайриявии рӯзномаҳо  байни  шӯроҳои  ноҳиявии  собиқадорон,  музеи  шӯҳрати  ҷангӣ  ва  меҳнатии  Душанбе,  баъзе  собиқадорони  фаъол  тақсим  карда  мешавад ва  бастаи онҳоро  собиқадорон  мутолиа  мекунанд. Орзу  мекардам ҳаёту  корномаҳои  ибратбахши  собиқадорони  ҷангу  меҳнат  аз  саҳифаи  рӯзномаҳо,  барномаҳои телевизион ва радио ҳеҷ  гоҳ  дур   намонанд. — Аз  иштироки  собиқадорон  дар  корҳои тарбиявии  байни  ҷавонон  чанд  сухан  мегуфтед ? — Ба  чашм. Агар умуман карда  гӯем  собиқадорони  ҷангу  меҳнат  вазифаи  худро  дар  назди  халқу  ватан  кайҳо  ба  ҷо  овардааст. Ӯ  нафақа  мегирад ва   дигар  имтиёзҳо  дорад. Бояд   даврони  пирӣ  ронад. Вале  бо  камоли  эътимод   мегӯям,  ки  собиқадорон ба ҷамъияти кунунии  мо, ки  бо  роҳи  бунёди  давлати демократӣ, ҳуқукбунёд ва дунявӣ  пеш  меравад,  ба  истифодаи таҷрибаи дар  соҳаҳои гуногуни  ҳаёт  ғун  кардаи  мо  зарурат  дорад. Чунин  таҷриба  сарвати  арзишманд аст ва онро ба  ҷавонон талқин  кардан  вазифаи  бошараф  мебошад. Маҳз  аз  ин рӯ  ба  муносибати  65 – солагии Ғалаба  дар ҳамкорӣ бо идораи   маорифи  шаҳр,  комиссариатҳои  ҳарбии  ноҳияҳо  нақшаи  чорабиниҳои  муштарак  тартиб  додем.  Мувофиқи он  ҳайати таблиғоти  шӯрои  собиқадорон  дар  мактабҳо,  донишгоҳу  донишкадаҳо,  корхонаю  муассисаҳо,   қисмҳои  ҳарбӣ  аз  корномаҳои  ҷангии  тоҷикистониён  дар  солҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ, лаҳзаҳои  хотирмони  ҷангии  худ  нақл  мекунанд.  Дар  осорхонаи  шӯҳрати  ҷангӣ ва  меҳнатии  шаҳр  ҳоло  қариб  ҳар  рӯз  хонандагони  синфҳои болоии  мактабҳои  пойтахт ба тамошо  ва  шунидани  нақлҳои  собиқадорони  ҷангу  меҳнат  меоянд. Нақлҳои  собиқадорони   ҷангу  меҳнат  Файзулло Эшонқулов,  Шамсӣ   Розиқов, Зайниддин  Насриддинов,  Алиназар  Раҳмонқулов,  Умурзоқ  Шерматов  ва дигарон  ба  мактабиён  таассуроти  муассир  мегузорад. Ғайр  аз ин  мо  дар  чорабиниҳои тантанавӣ  илмию  амалӣ, «Ҳафтаи  ёдбуд»  фаъолона  иштирок  хоҳем  кард. — Рӯзи  иди  Ғалаба  чӣ? — 9  майи  соли  ҷорӣ мувофиқи  қарори  Ҳукумати  ҷумҳурӣ дар  пойтахт бахшида ба  65 – солагии  Ғалаба  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  паради  ҳарбӣ  барпо  мегардад.  Дар он  собиқадорони  ҷангу  меҳнат  бо  ордену  медалҳояшон,  ки  рамзи қаҳрамониҳо дар  майдони набард  бо  душмани ғаддор – фашистони  гитлерӣ ва  корномаҳои  майдони меҳнат дар  ақибгоҳи солҳои  ҷанг  мебошад, иштирок  менамоянд. Онҳо   падарону  бобоёни  насли  имрӯзаи миллати мо  ва  ифтихори мо  мебошанд. Дар  мисоли  комёбиҳои  ҷангӣ ва  меҳнатии онҳо  тарбия  намудани  насли  наврас  вазифаи  муқаддаси  ташкилотҳои давлатӣ ва  ҷамъиятӣ,  алалхусус  шӯроҳои  собиқадорон  мебошад. Иди  Ғалаба  муборак,  дӯстон!  

Апрель 16, 2010 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст