БА БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ИЛОВА ВОРИД КАРДА МЕШАВАД

Апрель 12, 2010 16:34

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 12 апрел таҳти  раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010»,  «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳимояи  давлатии иштирокчиёни  мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва як қатор Созишномаҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Роҷеъ ба масъалаҳои зикргардида, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Маҳмадалӣ Ватанов, Шермуҳаммад Шоҳиён ва Амир Катаев табодули назар карда, муҳимияти онҳоро дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон баён карданд.          

Апрель 12, 2010 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд