БА КОДЕКСИ ОИЛА ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД

Апрель 19, 2010 15:41

Душанбе, 19 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ба тасвиб расонидани созишнома оид ба Қувваҳои  дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ҷиҳати тақвияти  ҳамкориҳои низомии  кишварҳои  аъзои  СААД ва истифода аз таҷриба ва донишу малакаи  якдигар нақши муассир мегузорад», гуфт зимни баррасии ин санад раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шермуҳамади Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 19 апрел. Аъзои Шӯро, ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд. Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳо вобаста ба таъсиси Гурӯҳҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ,  Ассамблеяи парлумонии САҲА, дар бораи ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди  Ассамблеяи парлумонҳои Осиё, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиё, Ассамблеяи парлумонии СААД, Иттиҳоди парлумонии кишварҳои  аъзои Конфронси исломӣ, оид ба ташкили комиссияи байнипалатагии  парлумонӣ байни МН МО ҶТ ва Думаи давлатии Федератсияи Русия, оид ба пешниҳоди вакилони МН МО ҶТ ба ҳайати Комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ баррасӣ гардиданд.  Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода гуфт, ки   таъсиси гурӯҳҳои миллии МН МО ҶТ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба баланд гардидани обрӯю эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Инчунин, масъалаи ташкили Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории МН МО ҶТ бо парлумонҳои кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Арманистон, Озарбоҷон, Белорус,  Ветнам, Чин,  Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Олмон, Ҷопон, Куба,  Яман,  Ӯзбекистон  ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид.

Апрель 19, 2010 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд