БА СЕМЕНТ ХОКИСТАР ЯКҶОЯ МЕКУНАНД?!

Апрель 15, 2010 11:27

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Кормандони Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои ҷумҳури ҳолатҳоеро ошкор карданд, ки ба семент хокистар якҷоя карда мефурӯхтанд ва ин ҳолат имрӯз низ мавҷуд аст», — изҳори нигаронӣ кард зимни нишасти матбуотӣ 15 апрел, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов. Ӯ гуфт, ки то ҳол соҳибкорое мавҷуданд, ки ҳадафҳои шахсии худро аз манфиатҳои ҷомеа ва миллат боло медонанд. Дар баробари ин, соҳибкороне ҳастанд, ки аз ҷиҳати надонистани қонун ва меъёрҳои мавҷудаи истеҳсолоту хизматрасонӣ талаботҳои онҳоро нодида мегиранд. Аз ин рӯ, вазифаи кормандони «Тоҷикстандарт» на танҳо ошкор намудани ин гуна ҳодисаҳо ва ҷарима кардани соҳибкорон, балки тариқи маслиҳатҳои муфид роҳ нишондодан ба соҳибкорони ватанӣ ва ба ин васила мусоидат намудан ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳибкорӣ, мебошад.   Мавриди зикр аст, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» 48,6 тонна орди гандумӣ, 4,5 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 610 килограмм майонез, 354,5 дал машруботи спиртӣ ва ғайраҳо аз фурӯш боздошта шуда, аз сари нав коркард ва ё қисман нобуд карда шудааст. Барои риоя накардани меъёри стандартҳо 431 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 67855 сомонӣ ҷарима баста шуда, ин маблағ ба буҷаи ҷумҳурӣ ирсол кардааст.    

Апрель 15, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд