БА ТАВАҶҶӮҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО

Апрель 26, 2010 12:09

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 27 апрели соли равон соати 10:00  дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии  «Иттилоот ва муошират» бо иштироки директори  Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  Фаттоҳ Саидов нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.     Намояндагони ҳамаи воситаҳои ахбори оммавӣ  даъват карда мешаванд, ки дар нишасти матбуотӣ  иштирок намоянд.    Аз рӯи маълумоти пешакӣ,  кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар семоҳаи аввали соли 2010 дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои давлатӣ ва  ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 182 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи 23 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд.  Аз маблағи умумии зарар,   камомад, азхудкунии маблағҳо ва ашёҳои арзишнок 2,8 миллион  сомонӣ, талафи воситаҳои молию пулӣ 798, 3 ҳазор сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 2,9 миллион сомонӣ, маблағи камҳисобгардида ва рӯйпӯш намудани андозҳо 6,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ ҳатто ҳолатҳое ошкор карда шуданд, ки кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ даст задаанд. Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма бо пешниҳоди саволҳо оид ба фаъолияти ин сохтори давлатӣ посухҳои мушаххас хоҳанд гирифт.

Апрель 26, 2010 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд