БАЧАГОНИ ОВОРАГАРДИ СУҒД

Апрель 16, 2010 11:03

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти ҷонишини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Меҳрулло Шарипов, дар давоми ду моҳи аввали соли 2010 кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии ин вилоят дар натиҷаи баргузории беш аз 700 санҷишҳои ногаҳонӣ ба истилоҳ   рейд- ҳо   ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ беш аз 4 ҳазору 900 нафар ноболғон оварда шудаанд. Аз ин шумора 1 ҳазору 200 нафари онҳо дар ягон ҷой таҳсил намекунанд, 257 нафарашон хонандагони мактаб – интернатҳо ва омӯзишгоҳҳои професиоалӣ- техникӣ мебошанд. Боқӣ ҳамаи он  хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонианд. Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 26 нафар ноболиғи ин вилоят 31 ҷиноят содир карданд, ки асосан дуздии молу амволи мардум аст.     

Апрель 16, 2010 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!