БАДАХШОН БА ҶАШН ОМОДА АСТ
Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Ба хотири истиқболи арзандаи 13-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки дар маркази ВМКБ –шаҳри Хоруғ таҷлил мегардад, бунёди 122 иншоот бо арзиши умумии беш аз 108 миллион сомонӣ идома дорад. Соли 2009-ум 54 ададашон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, соли 2010 бошад, то рўзи ҷашн бояд бунёди 68 адад иншоот ба итмом расад. Тавре муовини аввали раиси ВМКБ Иброҳимбек Ғозибекович иттилоъ дод, имрўзҳо дар кулли иншооти ҷашнӣ, ба вижа дар бунёди маркази таълимӣ ва омўзишӣ, Бонки миллӣ, чойхонаи миллӣ, бинои телевизион, раёсати корҳои дохилӣ, кохи ҷавонон, прокуратура, хобгоҳ барои 1000 нафар донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва дигар иншоотро бо суръати баланд ҷараён дорад. Бар асари он, ки фурўдгоҳи шаҳри Хоруғ, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 2400 метр ҷойгир асту қуллаҳои кўҳҳо хеле баланданд, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи чумҳурӣ ҷиҳозонидани он тариқи воситаҳои аэронавигатсионию назоратӣ имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, дар чунин муҳит насби воситаҳои алоқаи кайҳонӣ мувофиқи мақсад дониста шудааст. Ҳоло дар фурудгоҳ 2 адад радиостансияи нави кўтоҳмавҷи «Айком» ба хотири сатҳи баланди радиоалоқавии «тайёра-замин» ва «замин-тайёра» васл карда шуда ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо вақтҳои наздик системаи алоқаи кайҳонӣ ва системаи назорати мусофирону бор васл карда мешавад, ки маблағи умумии он 500 ҳазор доллари ИМА мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ танҳо дар 2 соли охир ба хотири бунёди иншооти гуногун беш аз 200 миллион сомонӣ харҷ намуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






