«БАРҚИ ТОҶИК» АНДОЗАҲОРО ПАРДОХТ МЕКУНАД

Апрель 29, 2010 14:52

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Дар Ширкати «Барқи тоҷик» дар 3 моҳи соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 3 миллиард кВт соатро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллиард соат зиёд аст, чунин зикр кард дар нишасти матбуотӣ муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Курбонов 28 апрели 2010. Ташхиси ҳолати таъминоти метрологии истеҳсолот, кори системаи баҳисобгирии истеҳсолот ва исифодаи энергияи барқ ва ба услуби нави ҳисобу китоб мувофиқ будани сатҳи хароҷотҳои технологии энергияи барқ дар Шабакаҳои барқии Кӯлоб, Ҷанубӣ, Ёвон, нерӯгоҳҳои Қайроқум, Бойғозӣ ва Қурғонтеппа гузаронида шуда, камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шуданд. Бо қувваи сохторҳои дахлдори ширкат системаи баҳисобгирии як қатор зеристгоҳҳои барқии шабакаҳои барқии Ёвон, Ҷанубӣ, шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб аз нав барқарор карда шудаанд. Барои беҳтар намудани сатҳи ҷамъоварӣ дар моҳҳои феврал ва марти соли 2010 роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» як қатор чорабиниҳои ташкилӣ, техникӣ ва  кадриро гузаронд, ки дар натиҷа сатҳи ҷамъоварии маблағи энергияи барқ дар  моҳи март бе назардошти КВД «Ширкати Алюминий Тоҷик» ба 86,2% баробар шуд, ки нисбати моҳи феврал – 25,3 ва нисбати моҳи январ бошад 40,0% зиёд шудааст. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки қарзи дебиторӣ ба 1 апрели соли 2010 аз рӯи минтақаҳо чунин аст: шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе -60,2 миллион сомонӣ, шабакаҳои барқии вилояти Хатлон -123,2 миллион сомонӣ, шабакаҳои барқии вилояти Суғд – 153,0 миллион сомонӣ, шабакаҳои барқии ноҳияҳои тобеъи марказ -56,3 миллион сомонӣ. Пардохти андозҳои буҷети ҳамагӣ — 30,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷети ҷумҳуриявӣ 20,5 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 10,1 милион сомонӣ, пардохти  маблағи энергияи  барқи ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» да ҳаҷми 23,1 милион сомонӣ.            

Апрель 29, 2010 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад