БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА УНВОНИ ХУ СЗИНТАО

Апрель 15, 2010 08:37

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  14  апрели  соли  2010 ба  унвони  раиси Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  Ху  Сзинтао  барқияи  ҳамдардӣ  фиристод.  Дар  он  аз  ҷумла  гуфта  мешавад:  «Ҷаноби  раиси  мӯҳтарам,  хабари  рух додани   зилзилаи  шадид  дар  баъзе   минтақаҳои  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  дар  Тоҷикистон сабаби  сахт  андӯҳгин  гардидани  ҳамагон шуд. Тавре ки маълум  аст, ин  фалокат  сабаби  харобиҳои  зиёд ва қурбон  гардидани  шумораи  зиёди  одамон  гардидааст. Дар  ин   лаҳзаҳои  пур  аз ғаму  андӯҳ  аз  номи Ҳукумат  ва  халқи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Шумо  ҳамдардии  самимӣ  изҳор  намуда,  хоҳишмандам  ҳамдардии  моро  ба  аҳли оила ва  хешу таборони  шахсони ҳалокшуда ва  осебдида  расонед». Дар  ин  бора  аз дафтари  матбуоти  Сардори давлат  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.

Апрель 15, 2010 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад