БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТҶ БА ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАҲИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли 2010 ба иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Маршали Сейм ҷаноби Бронислав Коморовский барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби аълоҳазрат, аз хабари фалокати ҳавопаймои Лаҳистон дар фазои Смоленск сахт андӯҳгин гардидам. Дар натиҷаи ин фалокат бештар аз 130 нафар, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Лех Качински, ҳамсари ӯ ва мансабдорони баландпояи давлат ҳалок гардиданд. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ба роҳбарият ва халқи Лаҳистони бо мо дӯст вобаста ба ин фалокати бузург ҳамдардии самимона изҳор намуда, аз Шумо хоҳиш дорам, ки ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ҳамдардии моро расонед». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти сардори давлат хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






