БАРОИ ПЕШГИРИИ ПАҲН ГАРДИДАНИ БЕМОРӢ

Апрель 26, 2010 15:20

Душанбе,  26 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Вазорати  тандурустии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо  кӯмаки  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Муассисаи  наҷоти  атфоли   СММ  дар  мамлакат маъракаи   доругузарониро ба  организми бачагони  то  панҷсола баргузор  месозад. Барои гузаронидани  маъракаи  мазкур  ба  мамлакат  қариб 4  миллион  воя   дору  ворид  карда шуд.  Ҳадафи  гузаронидани   маъракаи  мазкур   пешгирии  бемории  варами  ҳароммағз  мебошад.  Дар  давоми  маърака қариб ба  1,1 миллион  нафар  бачагон  барои табобати ин  беморӣ  дору  дода  мешавад. Роҳбари намояндагии  Созмони  ҷаҳонии  тандурустӣ  Сантино  Северони  зикр  кард, ки вақтҳои охир  хусусан  дар  қисмати  ҷануби ғарбии  Тоҷикистон  ҳодисаҳои ба  ин  беморӣ   гирифтор  шудани одамон  ва  хусусан  бачагон  ба  қайд  гирифта  шудааст. Муассисаи  наҷоти  атфоли  СММ ғайр  аз   ворид  сохтани  дору  дар  байни  аҳолӣ  барои  пешгирии   паҳн  гардидани  беморӣ  корҳои ташвиқотӣ  анҷом  медиҳад. Созмони  ҷаҳонии  тандурустӣ  барои гузаронидани  маърака   кӯмаки  техникӣ  ва  молиявӣ  мерасонад.  Илова  бар ин,  кормандони  созмон  вазъи эпидемиологии паҳн  гардидани   бемориро  таҳқиқ  намуда,  барои  барҳам додани он  тадбирҳо  меандешанд.

Апрель 26, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!