БОҒИ САНГЛОХИ ШАҲРАКИ ДОНИШҶӮЁН САБЗ МЕШАВАД
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин). — Бо фаро расидани фасли баҳор мавсими ниҳолшинонй ва сабзу хуррам гардонидани гӯшаю канори ҳар муассиса оғоз меёбад. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар мавсими имсола ниҳолшинонй ва сабзкунии заминҳои шаҳраки донишҷӯёнро вусъат бахшад. Бино ба гуфтаи декани факултаи таърихи ДМТ Холмаҳмад Самиев имрӯзҳо дар шаҳраки донишҷуён барои ободу зебо гардонидани майдонҳои назди биноҳои таълимй корҳои ободонӣ муташаккилона идома дорад. Самиев қайд кард, ки ҳар факултет мавзеи муайн дошта, минтақаҳои худро ободу зебо мегардонанд. Боғи санглохи шаҳраки донишчӯён ва майдонҳои атрофи онро аз алафҳои бегона тоза карда истодаанд. Дар назар аст, ки ин иқдом минбъд идома ёфта, бо навбат донишҷӯён ба корҳои ободонй ҷалб карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






