БО СИСТЕМАИ НАВИ «SMS – МАЪЛУМОТ» ПАЙВАСТ ШУД
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Фаъолияти Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ барои амалигардонии «Барномаҳои барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 — 2016» ва «Барномаи барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди ҷолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007 — 2012» равона гардидааст,- иброз дошт директори Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Хадамоти обуҳавошиносии Федератсияи Русия системаи нави маълумоти моҳвораи калонҳаҷм васл карда шудааст. Бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба рушди ҳамкорӣ, мутахассисони Муассиса 49 шабакаҳои обуҳавосанҷиро ба системаи нави «SMS — Маълумот» васл карданд. Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби шабакаҳо маълумоти дақиқи обу ҳаво ба сокинони ҷумҳурӣ расонида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






