БОЛОРАВИИ АРЗИШИ ПАХТА ВА АЛЮМИНИЙ ДАР БОЗОРИ ҶАҲОН
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар бозори ҷаҳон талабот ба пахта ва алюминий тадриҷан зиёд шуда, арзиши онҳо низ тамоюли болоравӣ дорад. Мавриди зикр аст, ки аз оғози бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ зарба ба бахши реалии иқтисодиёти чаҳон мушоҳида шуда, талабот ба маҳсулоти ашёи хом низ кам гардид. Аз ҷумла, дар бозорҳои ҷаҳон, бинобар сабаби таъсири манфии бӯҳрон талабот ба алюминий ва пахта, ки дар маҷмӯъ 76%-и содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, кам шуда, нархи он ҳам поён рафт. Масалан, нархи 1 тонна алюминий аз 3200 доллари ИМА то ба 1355 доллари ИМА поён фаромад. Нархи пахта низ ҳудуди 20% поён шуд. Ин поёнравӣ бо кам шудани таъсири бӯҳрони моливӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ва дар ин замина боло рафтани бахши реалии иқтисодиёти ҷаҳон, ист карда, бо зиёд шудани талабот ба ашёи хом тадриҷан нархи он боло меравад. Аз рӯи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, агар дар давоми моҳҳои январ-феврали соли 2009 нархи миёнаи содиротии 1 тонна алюминий дар Тоҷикистон ба 1355 доллари ИМА баробар буд, дар давоми моҳҳои январ-феврали соли 2010 он ба 2037 баробар шуд. Нархи пахта бошад, дар моҳҳои январ-феврали соли 2009 — 1072 доллари ИМА барои 1 тонна ва дар ҳамин давраи соли ҷорӣ 1939 доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил дод. Ин нишондод аз он шаҳодат медиҳад, ки талобот ба ин ду намуди маҳсулот афзоиш ёфта, арзиши он низ тамоюли болоравӣ дорад. Коршиносони соҳаи иқдисод мӯътақид бар онанд, ки тамоюли болоравии арзиши алюминий ва пахта дар соли 2010 мӯътадил идома ёфта, зина ба зина ба сатҳи қабл аз бӯҳронии худ мерасад. Соли ҷорӣ Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кишти 185 то 200 ҳазор гектар пахтаро ба нақша гирифтааст. Вале ин вобаста аз хоҳиши худи хоҷагиҳои деҳқонӣ аст, чун Вазорати кишоварзӣ наметавонад, ки онҳоро маҷбур кунад. Чуноне ки, таҳлилҳои солҳои қаблӣ нишон медиҳанд, дар хоҷагиҳои баъзе манотиқи ҷумҳурӣ кишти пахта фоидаовар набуда, метавонанд бар ивази он дигар намуди зироат кишт карда, фоида ба даст оранд. Соли 2009 дар ҷумҳурӣ дар майдони 165 ҳазор гектар пахта кишт карда шуда буд, ки аз он 320 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Коршиносони соҳа мегӯянд, ки дар сурати аз 25 сентнер кам рӯёнидани ҳосили пахта, кишти он дар Тоҷикистон манфиатовар нест. Гуфтанист, ки Ширкати алюминийи тоҷик калонтарин ширкат дар миқёси минтақа буда, маҳсулоти асосии он алюминийи аввалия мебошад. Ҳамасола тақрибан 98% алюминийи аввалия ба кишварҳои хориҷӣ содир мегардад. Сифати маҳсулот ҷавобгӯи тамоми талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ аст. Вазифаи Ширкати алюминийи тоҷик – мусоидат ба рушди иқтисодӣ, некӯаҳволӣ ва суботи иҷтимоии кишвар, вусъати иқтидорҳои истеҳсолии ширкат, рушди самараноки соҳаи алюминийи Тоҷикистон ва ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон мебошад. Интихоби дурусти стратегияи тиҷоратии ширкат, дастгирии фаъолонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, касбияти баланди шарикон ва мутахассисонии ширкат имкон медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии корхона бомуваффақият вусъат дода шавад. Иқтидори истеҳсолии ширкат дар соли 2007 ҷиҳати истеҳсоли алюминийи хом ба 421,5 ҳазор тонна, истеҳсоли алюминийи аввалия ба 419, 1 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба супориши нақшавии муқарраршудаи 420,8 ҳазор тонна истеҳсоли алюминийи хом 100,2% — ро ташкил дод. Афзоиши истеҳсоли алюминий ва беҳ намудани сифати он ба кори мунтазами истеҳсолоти анодҳои пухта робитаи ногусастанӣ дорад. Таъсиси захираҳои ашёи хоми худӣ, мустаҳкам кардани суботи молиявӣ, беҳ кардани технологияи истеҳсолӣ аноди хомро барои содирот таъмин кард. Соли 2008 барои содир кардани 30 ҳазор тонна аноди хом ба нишонии ширкати «Pishro Aluminium Asia Company»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон созиш ба даст омад. Ширкати Алюминийи Тоҷик ҷиҳати нигоҳдошти муҳити мусоиди зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар назди ҷомеа масъул аст. Яке аз самтҳои афзалиятнок таъмини шароити бехатари меҳнати кормандон, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, инчунин нигоҳдошти муҳити мусоиди табиати атроф мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф ширкат корҳоро ҷиҳати ҷамъоварӣ, берун бурдан ва коркарди партовҳо анҷом дода, аз ҳудуди ширкат 4,4 ҳазор тонна ашёи хоми бозистифодашуда ҷамъоварӣ ва супорида шуд. Кори мунтазам ҷиҳати муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва кам кардани ихроҷи газҳои зарарнок тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист, хадамоти санитарию эпидемиологӣ, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назорати давлатии санитарии ноҳия ва ҷумҳурӣ назорат карда мешавад. Миқдори ихроҷи газҳои зарарноки корхона дар вобастагии таносуби роста бо сарфи ашёи хоми истеҳсоли алюминий қарор дорад, ки аз мутобиқати пурра бо стратегияи давлат дар бахши амнияти саноатӣ ва экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дарак медиҳад.