БОНКҲО МАБЛАҒҲОИ «РОҒУН»-РО ГАРДИШ МЕДИҲАНД

Апрель 27, 2010 09:15

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «То имрӯз аз ҳисоби маблағи аз фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО «Роғун» ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молии барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҷамъшуда 76 миллион сомонӣ барои харидории таҷҳизоти ду агрегат аз ширкати Турбоатоми Украина сарф шудаасту халос», — гуфт вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, 26 апрел зимни нишасти матбуотӣ. Ӯ афзуд, ки маблағҳои боқимонда дар хизинаи Вазорати молия ва бонкҳои тиҷоратӣ маҳфуз аст. Мувофиқи тартиби муайяншуда бонкҳои тиҷоратӣ бе иҷозати Вазоарти молия ба харҷи ин маблағҳо ҳақ надоранд. «Имрӯз вазорат тартиби навро таҳия намудаистодааст, ки тибқи он маблағҳои харҷашон то соли 2011 пешбинӣ нашудааст дар бонкҳои тиҷоратӣ гардиш ёфта, фоидаи онҳо низ ба суратҳисоби ҶСК «НБО «Роғун» интиқол меёбанд», — зикр намуд вазир. Мавриди ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 апрел, зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки дар доираи Стратегияи рушди бозори қоғазҳои қимматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 рушди бозори қоғазҳои қимматнок ва ташкили бозори такрории онҳоро то охири соли ҷорӣ таъмин намоянд. С. Наҷмиддинов тазаккур дод, ки дар муддатҳои кӯтоҳтарин бозори қоғазҳои қимматнок ва ташкили бозори такрории онҳо таъсис дода шуда, минбаъд саҳмияҳои корхонаҳои бузурги кишвар, аз ҷумла ҶСК «НБО «Роғун» тавассути ҳамин бозор ба фурӯш бароварда мешавад. «Ин маъракаи яквақта набуда, балки маъракаест, ки то давраҳои дароз идома хоҳад ёфт», — гуфт дар хотима вазири молия.  

Апрель 27, 2010 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!