БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро имрӯз зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳамроҳи Ҳукумати Тоҷикистон барномаи стратегии ҳамкориро барои панҷ соли оянда мувофиқа намудааст. Барномаи мазкур моҳи май ба муҳокимаи Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор пешниҳод карда мешавад. Қайд карда шуд, ки барнома ҷудо кардани қисми бештари маблағро барои пешрафти соҳаҳои энергетика ва хусусӣ пешбинӣ менамояд. Айни ҳол Бонки рушди Осиё барои иҷрои барномаҳои гуногун дар Тоҷикистон 380 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. Ояндаи наздик барои тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Нуробод — Ҷиргатол – Саритош ва барқарор сохтани баъзе муассисаҳои соҳаи тандурустӣ низ маблағ ҷудо карда хоҳад шуд, гуфт М.Оҷиро. Вай зикр намуд, ки Бонки рушди Осиё дар давоми се соли оянда барои пешрафти соҳаи энергетикаи Тоҷикистон 252 миллион доллар ҷудо хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Тоҷикистон аз соли 1998 узви Бонки рушди Осиё мебошад. Бонки мазкур то имрӯз ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 560 миллион доллари ИМА кӯмак расонида, қарзҳои имтиёзнок дода ва барои барномаҳои гуногун маблағ ҷудо кардааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






