ЧАРО Ш. САЛИМЗОДА 12 ПРОКУРОРРО АЗ КОР РОНД?
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо фармонҳои прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ, ҷиҳати роҳ додан ба камбудӣ 12 прокурори шаҳру ноҳия ва як муовини прокурори вилоят аз вазифаҳояшон озод карда шудаанд. Дар ин бора прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода 13 апрел, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки аз ин рӯ, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 4 самт, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат аз болои ҳодисаҳои корруптсия ва ошкор кардани он, татбиқи қонунҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон, оид ба истифодаи самараноки замин ва барқарор намудани бақияҳои андозро самти афзалиятнок дониста, корро дар ин раванд пурзӯр менамояд, то пеши роҳи ҳамагуна қонунвайронкуниҳо саривақт гирифта шаванд. «Барои бомуваффаққият ва босамар иҷро шудани ин самтҳои афзалиятноки назорати прокурорӣ, кадрҳо нақши муҳим мебозанд. Аз ҷумла, се прокурор барои аз ҷониби зертобеашон содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, 8 нафар прокурор барои беэътиноӣ намудан ба риояи қонунгузории замин ва ду нафар барои пинҳон кардани ҷиноятҳо аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардидаанд», — тазаккур дод прокурори генералӣ. Ш. Салимзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи замин, бахусус истифодаи ғайримақсаднок ва тақсими он тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ, ташвиш овар аст. Ба иттилои прокурори генералӣ аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз беш аз 33 гектар замин, ки ғайриқонунӣ тақсим шуда буд, ба истифодабарандагони қонунии аввалиндараҷаи он бозпас гардонда шуда, 67 парвандаи ҷиноятӣ дар ин замина оғоз гардидааст.