ЧАРО ВАЗИРИ МУДОФИА БА РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТУФАНГЧА ДОД?
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 26 апрел бо иштироки вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва роҳбарону намояндагони қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, инчунин намояндагони Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар маркази таълимии горнизони Суғд маросими ҷамъбасти машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ таҳти унвони «Марз-2010» баргузор гардид. Дар машқҳои гурӯҳи фаврии артишҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷаъмӣ, аз ҷумла ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия, ки ба ҳайати Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомиланд, ширкат варзиданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳамоҳангии ҷузъу томҳои дар машқҳо ширкаткунанда, дар муборизаи муштараки зиддитерористӣ, сайқал додани маҳорати ҷангии сарбозон, табодули таҷриба ва омодагии ҳайати шахсӣ ба зидди ҳамагуна зуҳуроти таҳдидовари ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили терроризм, экстремизм ва сепаратизм мебошад. Тибқи барномаи тарҳрезишуда, ба маҳалли наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони шартӣ ба мақсадҳои ғаразнок ва ғайриқонунӣ убури сарҳад менамоянд. Барои пешгирии ғаразҳои нопоки душмани шартӣ Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи СААД амалиёти зиддитерористӣ доир намуданд. Дар натиҷа аҳолии наздисарҳадӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, амнияти онҳо таъмин гардид ва гурӯҳи терористон қисман дастгир ва боқимонда нобуд карда шуданд. Амалиёт нишон дод, ки ҳар як ҷузъу томи дар машқҳо ширкат варзида вазифаҳои ба дӯшашон гузошташударо сарбаландона адо намуданд. Бояд гуфт, ки дар машқҳо чархбол ва техникаи вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ, ҳамчунин яроқу аслиҳаи мухталиф истифода шуданд. Баъди ба анҷом расидани машқҳои муштараки мазкур вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба тамоми иштирокчиён миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи мамлакатҳои узви СААД имрӯз қодир аст, алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм муборизаи беамон барад. Сипас бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои дар сатҳи баланд омода намудани машқгоҳ, саривақт ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд намудани иншооти лозимӣ дар ин мавзеъ, бо туфангчаи номӣ сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ин чорабинӣ ба ҳайси меҳмон ширкат варзиданд, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 65-умин солгарди Иди ғалаба бо медалҳои ҷашнӣ ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд. Ҳамчунин иштирокчиёни беҳтарин аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гаштанд.