ЧОРАҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ФАЛАҶИ ШАДИД

Апрель 28, 2010 14:44

Душанбе,  28 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-    Шиддати вогирии бемории фалаҷ дар рўзҳои баъди 23-юми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буд,  паст гардид. Шумораи умумии беморон то имрўз 130 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд.  Дар соли 2010 шумораи беморони фалаҷи шадид (полиомиелит) зиёдтар ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон, қисми зиёди ин беморон дар натиҷаи табобат пурра шифо ёфтаанд.  Бино ба маълумоти манбаъ,  омӯзиши вазъ ва ҷамъоварии маълумот дар бораи кӯдакони гирифтори бемории фалаҷ аз 19 апрели соли равон дар Вазорати тандурустии кишвар таҳти роҳбарии муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова ситоди ҷумҳуриявӣ иборат аз 17 нафар ташкил карда шуд. Аъзоёни ситод ҳамарӯза оид ба вазъи гирифтории кӯдакон ба бемории фалаҷ, ҳолати расонидани хизматрасониҳои тиббӣ, бистарикунии кӯдакон маълумоти муфассал тайёр намуда ба ҷаласаҳои ситод, ки ҳар рӯз гузаронида мешаванд, пешниҳод менамоянд. Вазорати тандурустӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ин бемориро гузаронида истодааст. Бояд қайд кард, ки як гурӯҳ мушовирони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд. Натиҷаҳои ташхиси лабораторӣ нишон доданд, ки сабаби сар задани ин беморӣ ворид гаштани вируси полиомиелити ёбоии намуди 1 мебошад, ки асосан дар давлатҳои Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон гардиш мекунад. Мутаассифона, ин намуди вирус новобаста ба он, ки кўдакон бар зидди бемории фалаҷ эм кунонида шудаанд ё не, метавонад барангезандаи ин беморӣ шавад. Бештар аз 14 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эмкунӣ аз рўи тақвими миллӣ  11 маротиба рўзҳои миллии эмкунӣ гузаронидааст. Аммо ин барои ворид гардидани вируси ёбоӣ ба фазои ҷумҳурӣ ва инкишофи он монеъ шуда наметавонад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки кўдаконе, ки гирифтори ин беморӣ гаштаанд, зиёда аз 92%-и онҳо бар зидди бемории фалаҷ эм гирифтаанд. Роҳи пешгирии ин беморӣ – гузаронидани эмкунии кўдакон мебошад. Аз ин рў, Вазорати тандурустӣ ба нақша гирифтааст, ки маъракаи эмкунии умумии кӯдаконро гузаронад. Эмкунӣ дар се давра дар байни кўдакони 0-6 сола, ки 1 100 000 нафарро ташкил медиҳанд, гузаронида мешавад. Даври якум аз 4 то 8 май, даври дуюм аз 18 то 22 май ва даври сеюм аз 1 то 5 июни соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Бо дастгирии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва ЮНИСЕФ зиёда аз 3 960 000 вояи ваксина ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Дар баробари ин 1.5 миллион буклет ва 5 000 овезаҳо барои ташвиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ оид ба эмкунӣ бар зидди бемории фалаҷ нашр гардидааст.

Апрель 28, 2010 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!