ЧОРВОПАРВАРӢ СОҲАИ ДАРОМАДНОК
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 10 – уми марти соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон ба 1 млн. 834, 8 ҳазор сар расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,3 ҳазор сар зиёд аст. Дар ҳамин давра, саршумори гӯсфанду буз 104,9 ҳазор сар ё 2, 5 фоиз ва саршумори мурғ 260,5 ҳазор сар ё 7,1 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумии дар нишондоди оморӣ овардашуда 91,8 фоизи чорвои калон ва 82,3 фоизи саршумори бузу гӯсфанд ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон – 1,7 фоиз, вилояти Суғд 1 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 фоизро ташкил дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






