ДАР ДУШАНБЕ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Душанбе, 15 апреля. (НИАТ «Ховар», Фарангис Рахимова). – 14 апрели соли ҷорӣ, дар Душанбе, Барномаи Озуқаи Ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид (БОҶ) мушовараи байналхалқие доир ба роҳҳои пешқадами таснифоти амнияти озуқаворӣ баргузор намуд, ки ба ҳамаи доираҳои манфиатдори соҳаи амнияти озуқаворӣ барои пайдо намудани роҳҳои баланд бардоштани самаранокии мубороза бо норасоии хўрока, имконият фароҳам меорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намоянлагии БОҶ дар Тоҷикистон хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар чорабинӣ беш аз 40 нафар намояндагон аз ташкилотҳои байналхалқӣ, кишварҳои донор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд ва доир ба методологияи оддии ягона барои санҷиши ҳолати амнияти озуқаворӣ дар ин ё он мавзеи додашуда бо ҳам ба мувофақа расиданд. «Таснифоти Ягонаи Марҳалавӣ амнияти озуқаворӣ ин методологияест, ки механизмҳои мавҷудаи ҳукуматҳои миллӣ, ожонсиҳои кўмакрасон, олимон ва мутахассисонро дар табодули маълумот ва дониши онҳо доир ба омилҳои ба амнияти озуқа таъсиркунанда бо ҳам меорад. Мақсади асосӣ ба мувофиқа расидани тарафҳо дар масалаи шиддати сабабҳо ва пешгўии бехатарии озуқа дар минтақаҳо мебошад. Ин хуллосаҳо барои ба нақша гирифтани фаъолиятҳои муносиби вобаста ба эҳтиёҷоти озуқаворӣ ва лоиҳаҳои дарозмуддат бо мақсади мубориза бо норасоии ғизоӣ бо роҳи дастрас намудани воситаҳои истеҳсолкунандаю тобовари озуқа ва ашёи зиндагӣ, асос хоҳанд шуд», афзуд манбаъ. «Ман фахр мекунам, ки БОҶ бо ҳамроҳии шарикони худ барои ба даст овардани ҳамоҳангӣ дар санҷиши амнияти озуқаворӣ ҳамчун пешво баромад мекунад, — гуфт Директори БОҶ дар Тоҷикистон Алзира Феррейра. — «Ҳамфикрие, ки имрўз мо шоҳиди он гаштем, нишонаи садоқат ва кори пурмашаққати ҳамаи доираҳои манфиатдори ин соҳа дар Тоҷикистон аст ва ин хизмати онҳост». Ба иттилои манбаъ, мушовара, ки бо дастгирии Гурўҳи таснифоти ягонаи марҳалавӣ умумиҷаҳонӣ амалӣ шуд, ин баландтарин нуқтаи лоиҳаи таҷрибавии доир ба таҳлили амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон аст, ки соли 2009 оғоз гардида буд . Дар муддати ду моҳи гузашта дар саросари Тоҷикистон ҳафт семинарҳои минтақавӣ баргузор гардиданд. Дар ин семинарҳо зиёда аз 150 нафар, асосан, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ иштирок карданд. БОҶ ва дигар ожонсиҳо барои муайян кардани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва эҳтиёҷот дар деҳоти мамлакат дар тўли ин машварат ҳамкории зич намуданд. Ҷараёни таснифоти ягонаи марҳилавӣ дар ҳоли ҳозир дар 20 кишвар дар ҳамкории БОҶ, Ташкилоти Озуқа ва Кишоварзӣ, шабакаи FEWS, Ожонсии ИМА оид ба Рушди Байналмилалӣ (USAID), Оксфам, Наҷоти Кўдакон ва Комиссияи Аврупо таҳия ва татбиқ шуда истодааст. БОҶ аз бузургтарин ожонсиҳои башардўстонаи ҷаҳон аст, ки алайҳи гуруснагӣ мубориза мебарад. Дар соли 2010 БОҶ мақсад дорад, ки 90 миллион нафарро дар 73 кишвари ҷаҳон бо маводи озуқа таъмин намояд.