ДАР ХАТЛОН АЛОҚА МУНАЗЗАМ КОР МЕКУНАД
Кӯрғонтеппа 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли 2010 нақшаи ҷамъоварии маблағро аз аҳолӣ иҷро намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100,2 фоизро дар бар мегирад, иброз дошт дар нишасти хабариаш Асаддулло Файзулоев, сардори ҶСК «Тоҷиктелеком»-и вилояти Хатлон. Ба иттилои вай дар вилоят нуқтаҳои телефонӣ ба миқдори 81 ҳазору 160 адад расид, ки дар асл 55 ҳазору 364 рақами телефони ба истифода дода шудааст. Мувофиқи хабари расмӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо нуқтаи гуфтугӯи телефонии байнишаҳрӣ ба микдори 336 адад хизмат мерасонад. Генераторҳои барқдиҳанда ба миқдори 46 адад буда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят омодаи кор буда ҳар рӯз аз санҷиши техникӣ гузаронида мешаванд, барои қатъ нагардонидани алоқа сӯзишворӣ ба миқдори 1210 литр ва равғанҳои молидани 107 литр захира шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






