ДАР РИГА МАКТАБЕ БО НОМИ КАРАМХУДО НАЗАРОВ БУД

Апрель 23, 2010 16:13

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).-Дар даврони Шӯравӣ ҳангоме, ки фашистон аҳдшиканона ба  сарзамини мо ҳамла оварданд, шермардони халқу миллатҳои гуногун, аз ҷумла мо тоҷикон низ вориди сангар шудем ва яке аз ин фидоиён Карамхудо Назаров буд. Карамхудо Назаров соли 1913 дар қарияи Хичихи ҳудуди феълии ноҳияи Роштқаъла ба дунё омадааст.  Соли 1940 ба сафи Артиш даъват шуда ба курси афсарон ба таҳсил мефиристонанд Карамхудо Назаров бо рутбаи лейтенанти калон командири рота таъин мешавад. Соли 1945  дар озод кардани шаҳри Рига баъди ҳалок гардидан бо Ордени «Ситораи сурх» мукофонида мешавад. Тавре ҳуҷҷатҳо шаҳодат медиҳанд, то соли 1990 то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мактабҳои шаҳри Рига номи Карамхудо Назаровро дошт, аммо миллатгароён, номи Карамхудо Назаровро аз мактаб бардоштанд.

Апрель 23, 2010 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд