ДАР СЕ МОҲ 647 МЛН. СОМОНӢ
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми семоҳаи аввали соли 2010 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ маблағи 674 млн. 571 ҳазору 900 сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2009 ба миқдори 165 млн. 439 ҳазор зиёд мебошад. Инвеститсияи сармояи асосӣ бештар дар сохтмони иншооти энергетикӣ истифода шудааст, ки маблағи он дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 364 млн.636 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад, ки 139 миллиону 427 ҳазор сомонии он аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ва 225 млн. 209 ҳазору 900 сомонии онро қарзҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.